15:16:50 03-уми Июни 2025 сол

Вазъи буҷети Тоҷикистон — вазифаю дастовардҳо ва мушкилот

«Вазъи буҷети Тоҷикистон — вазифаю дастовардҳо ва мушкилот дар ҷараёни татбиқи БМХҲ» — чунин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки бо ибтикори Барномаи ёрии техникии Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии самтҳои ислоҳот дар бахши хароҷоти давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лот 1» зимни ҳамкории зич бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

vazorati-moliya_4578454512.jpgБарои иштирок дар муҳокима ва табодули таҷриба роҳбарони баландпояи 14 вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти молияю иқтисоди Тоҷикистон даъват шуда буданд.

Ҳадафи асосии мизи мудаввар саъю кӯшиш барои мусоидат ба раванди татбиқи БМХҲ ва афзун намудаи самараи тадбирҳо барои рушди минбаъдаи он буд. Афзун намудани донишу таҷрибаи кормандоне, ки дар татбиқи БМХҲ ширкат доранд, ҳамчунин зиёд намудани донишҳои иштирокдорони асосии ин раванд барои давраи миёнамӯҳлати тарҳрезии буҷет ва муҳокимаи нақшаҳои фаъолияти муштарак барои татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷот дар Тоҷикистон вазифаҳои асосии мизи мудаввар ба шумор мерафтанд.

Намояндагони вазоратҳое, ки ба барномаи таҷрибавии татбиқи БМХҲҷалб шудаанд, аз таҷрибаи худ дар амри амалӣ намудани барнома мубодилаи афкор намуданд.

АМИТ «Ховар» 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854