15:16:51 03-уми Июни 2025 сол

Агентии хизмати давлатӣ: 271 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуд

Дар соли 2015 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 95 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок карданд. Ин нуктаро имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов ироа намуд.

khizmatii-davlati-5555.jpg

Тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ аз 2 ҳазору 479 хизматчии давлатии ба аттестатсия фарогирифташуда 2 ҳазору 208 (занон- 454) (2014 — 889, занон — 203) нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Аз ин шумора 32 (занон — 6) (2014 — 47) нафар барои ба мансаби баландтар таъйин намуданд, 72 (занон — 12) (2014 — 35) нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 67 (занон — 17) нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия шуданд.

“Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 271 (занон — 14) нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Аз ин шумора ба 250 (занон — 14) нафар барои такмили ихтисос ва ба 18 нафар гузаронидан ба мансаби пасттар ва ба 3 нафар аз мансаб озод кардан тавсия дода шуд”,-гуфт директори агентӣ.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854