14:52:59 03-уми Июни 2025 сол

Н. Саид: Оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ аз 7-30 боқӣ хоҳад монд

«Шуруъ аз моҳи ноябр таҳсил дар мактабҳои олии пойтахт аз 7-30 оғоз шуда, ин реҷа ҳамин хел боқӣ мемонад», -гуфт вазири маориф ва илми кишвар Нуриддини Саид зимни нишасти матбуотии имрӯза.

nuriddin-saidov_vazir-45874.jpgБино ба гуфтаи вазир, ҷомеаи инсонӣ танзимшаванда ва идорашаванда аст. «Мо бо ин роҳ тавонистем, танбашавии нақлиётро дар роҳҳои пойтахт субҳидам аз ҳисоби донишҷӯён бартараф кунем. Ин кумаки мо ба шаҳрдорӣ буд»,- илова намуд Нуриддини Саид.

Бино ба гуфтаи вазир, минбаъд шабу рӯз баробар шуда, рӯзҳо дароз мешаванд. «Онҳое, ки субҳидам аз ба дарс омадан метарсанд, нафарони ғафлатзада ва хоболуданд. Ин масъала бо шаҳрдорӣ ва ҳукумати шаҳр мувофиқа шудааст ва ман гумон мекунам, ки ин иштибоҳ нест»,-зикр дошт вазири маориф ва илми кишвар.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854