21:21:59 01-уми Июли 2025 сол

Иштироки сафири Тоҷикистон дар қабули давлатии Президенти Олмон

Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар чорабинии давлатии Президенти Олмон Йоахим Гаук бо сафирони муқими Олмон дар қасри Белвю иштирок намуд.

Novyj-risunok-222Президенти Олмон дар ҳузури сафирон сухан гуфта, ба кишварҳои шарик барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон иштирок доштанд. Дар байни иштирокдорон суҳбатҳои муфид ва созанда сурат гирифтанд.

АМИТХовар

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ