10:59:59 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ш. Рустам: «Тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст»

namoyandagon-1561245.jpg13-уми январи соли 2016, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Данғара Қурбонзода Ҳилолбӣ дар бораи масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосия - лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» иброз доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ, инчунин ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта, бо мақсади арчгузорӣ ба суннатҳо ва арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ ва ниёгон ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузорӣ ба фарҳанги миллии тоҷикии бегонаи душворфаҳм таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида номувофиқатии дохилии моддаи қонунро оид ба тартиби сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд. Тибқи лоиҳа ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии талабот, бояд насаб ва ном инчунин метавонад номи падарии ба асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок дошта бошад. Мутобиқи лоиҳа ҳамчунин ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳо, аз ҷумла мулло, суфӣ, ҳоҷӣ, шайх ва халифа, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, инчунин ба кӯдакон гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд, манъ карда шудааст.

Раиси Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки одамон метавонанд бо ин феҳрист маҳдуд нашуда, барои фарзандонашон номҳои дигареро, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон мувофиқанд, интихоб кунанд.

Шоҳмурод Рустам иброз намуд, ки тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣҷавобгӯ буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар ИКАО тасдиқ мегарданд, мувофиқанд. Тибқи шартҳои ИКАО дар ҳуҷҷатгузорӣҳатмӣ будани ду унсур- насаб ва ном аст ва он низ метавонад унсури сеюм, яъне номи падарӣ дошта бошад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi