17:19:14 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёрии башардӯстонаи ҳукумати Озарбойҷон ба Тоҷикистон оварда шуд

Ба манзури дастгирии рафъи оқибати зилзилаи шадид, ки 7 декабри соли гузашта дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон рух дод, ёрии башардӯстона, ки бо дастури Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ин кишвар ирсол шудааст, аз ҷониби Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд.

Ozarbojchon

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба сохтмон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ дар маросими қабули ёрии башардӯстона аз номи ҳукумат ва халқ ба ҳукумати Озарбойҷон изҳори сипос намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ёрии ҳукумату халқи Озарбойҷони бародарро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов гуфт, ки ёрии башардӯстонаи ҳукумати Озарбойҷон аз дӯстии таърихии халқҳоямон шаҳодат медиҳад.

Сафир изҳор дошт, ки баъди ба даст овардани истиқлолият сарвари умумимиллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва Президенти Тоҷикистон, Пешвои халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии муносибатҳои дӯстонаи миёни Озарбойҷону Тоҷикистонро гузоштанд.

Дар маросим зикр шуд, ки ёрии башардӯстонаи арзиши умумиаш 800 ҳазор манот иборат аз 9,5 тонна қанд, 9,5 тонна шакар, 15 тонна биринҷ, 3 тонна чой, беш аз 16 тонна равғани растанӣ, 19 тонна орд, 19 тонна макарон, беш 18 тонна вермишел, 2000 адад рахти хоб (болиш, кампал, рӯҷоӣ), 50 генератор, 110 хайма, 600 метри мураббаъ маводи бомпӯшӣ (шифери фулӯзӣ) ва 30 метри мукааб тахта тавассути мошинҳои боркаш оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадид 7 октябри соли гузашта дар вилоят 1327 бино хароб шуда, ё ҷиддан зарардида, қариб 100 нафар аз манзилгоҳ маҳрум гардиданд. Ғайр аз ин иншоотҳои сершумори иҷтимоӣ ва китобхонаю мактабҳои кишвар зарари ҷиддӣ диданд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi