ВКД 39 ҳазор силоҳро мусодира кардааст
Дар давоми соли гузашта мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон зиёда аз панҷҳазор ҷинояти вазнинро ба қайд гирифтанд, ки ин аз афзудани ҷинояткорӣ гувоҳӣ медиҳад.
Чунончӣ, соли 2015 ҷинояти куштор 121 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ҳол он ки соли 2014 ҷинояти куштор 107 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр, ҷинояти роҳзанӣ 51 ҳолат, ғоратгарӣ 152, таҷовуз ба номус 41, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 110, авбошӣ 1241, дуздӣ 4761, қаллобӣ 3511 ҳолат ошкор шудаанд. Ин рақамҳои мрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии мамлакат гуфта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ 1 ҳазору 288 силоҳи оташфишон мусодира шудааст. Умуман, миқдори силоҳи аз соли 1994 то ин ҷониб мусодирагардида 39 ҳазору 39 ададро ташкил медиҳад.
АМИТ «Ховар»