10:34:42 01-уми Июли 2025 сол

Нусратулло Давлатзода: “Соли 2015 нақшаи андозҳо ва пардохтҳо зиёд ҷамъоварӣ гардид”

“Дар соли 2015 нақшаи андозҳо ва пардохтҳо ба андозаи 101,3% таъмин гардида, ба ҷойи 7 858,6 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 7 млрд. 961,8 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 103,2 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар соли 2014 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 844,7 млн. сомонӣ, ё худ 12 % бештар мебошад”,- гуфт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Kumitai-Andoz-332565.jpg

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-111,0%, вилояти Хатлон-103,1%, вилояти Суғд-101,5% ва шаҳри Душанбе-95,0% таъмин шуд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ