07:46:49 29-уми Апрели 2025 сол

Вазир: «Илова ба қонуни ВАО барои озодии сухан монеа эҷод намекунад»

«Ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои озодии сухан дар кишвар ягон монеа эҷод намекунад»,- гуфт дар ҷамъи хабарнигорон Орумбекзода Шамсиддин - вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.

vaziri-farhang_51221.jpgВазир афзуд, ки ҳадафи ворид намудани иловаҳо ба ин қонун беҳтар намудани назорат дар самти фаъолияти воситаҳои ахбори омма, таъмину таҳкими амнияти иттилоотии кишвар ва мутобиқ намудани он ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд, қабул нагардид ва барои такмил фиристонида шуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ