11:32:54 01-уми Июли 2025 сол

Мулоқоти Шералӣ Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Русия

Имрўз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, вохўрӣ намуд.

Rusiya_Tajikistan_894545122.jpgДар ҷараёни вохўрӣ масоили вобаста ба дурнамои ҳамкорииҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, иҷрои барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули иттилооту таҷрибаомўзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористиву эктремистӣ, омодасозии кадрҳо ва вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Афғонистон баррасӣ гардид.

Зимни вохўрӣ инчунин вобаста ба як силсила масъалаҳои дигари соҳавӣ ва боз ҳам густариши доираи ҳамкории самарабахши низомӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ