00:19:13 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пешниҳоди Президентро Парлумон тасдиқ кард

Бахтиёр Худоёрзода, ки қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият дошт, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

3_majlisi-namoyandagon_4454.jpgДар ин росто 3 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бахтиёр Худоёрзода тасдиқ карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни муаррифии раиси нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар назди вакилон гуфт, Бахтиёр Худоёрзода дар тамоми вазифаҳо бо масъулияти баланд ва виҷдони пок кор кардааст.

Бахтиёр Худоёрзода фаъолияти худро аз вазифаи муфаттиш оғоз карда, то ба имрӯз дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, ба мисли раиси Суди олии иқтисодии кишвар, вазири адлия, роҳбари Дастгоҳи Президенти кишвар фаъолият намудааст.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi