07:18:43 08-уми Июни 2025 сол

Наврӯз муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Соли 1394 ҳиҷрии шамсӣ вопасин лаҳзаҳои худро сипарӣ карда истодааст. Баъди чанд соат шабу рӯз баробар мешаваду дунё ба ҳукми Наврӯз медарояд. Соли 1395 вориди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мегардад. Аз ин лаҳза ба баъд равшанӣ ҷои зулмотро дар табиат бештар танг хоҳад кард. Ҳар рӯзи Худо аз ин рӯз эътиборан равшаниву гармии бештаре хоҳад дошт.

jashni-navruz_214545.jpg

Ҳамдиёрони арҷманд, фарорасии соли нави аҷдодиро барои ҳар яки Шумо муборакбод гуфта, аз Худои яккаву ягона талаб мекунем, ки ба рӯзгори ҳар яки мову Шумо равшаниву гарми бештареро арзонӣ бидорад. Сол барои ҳар яки мо, барои кишвари азизи мо соли пурфайзу баракат, соли иқболу саъодат, соли борони лутфу марҳамати Илоҳӣ бошад. Соле бошад, ки офатҳову кулфатҳо аз мо дур, киштзорҳои мо аз ҳосилу бозору амборҳои мо аз маҳсулот пур бошанд. Орзуҳову ниятҳои неки ҷумла инсонҳо ҷомаи амал пӯшанд.

Наврӯз муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854