07:27:47 08-уми Июни 2025 сол

Эмомалӣ Раҳмон: “Наврӯз бо сифатҳои башардӯстонаву хусусиятҳои писандидааш машҳури олам гардидааст”

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

25807202472_c9db87c09b_z.jpgИн нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки дар Кохи Борбад доир шуд, иброз дошт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар солҳои охир олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёни олам бо эътиқод ва эҳтироме, ки ба ин ойини башарӣ доранд, аҳаммияти инсондӯстона ва сулҳпарваронаи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам васеъ тарғиб карда, мақом ва манзалати ин ҷашни хусравониро баландтар бардоштанд.

“Мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд”, — тазаккур дод Пешвои миллат.

АМИТ “Ховар”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854