23:15:38 02-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ифтитоҳи Чойхона бо 200 ҷойи нишаст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт

Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишастро ба истифода дод.

000020.jpgБинои чойхона аз ҷониби Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт дар боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сохта шудааст. Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толори калон бо 140 ҷойи нишаст, толори иловагӣ бо 20 ҷойи нишаст, 4 ҳуҷраи алоҳида, ки ҳар яки он барои 10 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад.

Қаблан дар ҳудуди боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов варзишгоҳ ва дигар марказҳои дилхушӣ вуҷуд дошт ва сохтмони Кохи фарҳанг ва чойхонаи нави ҳозиразамон маҷмуъи иншооти фароғатии онро пурра сохт.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки чойхона дар масоҳати 21 садяк сохта шуда, ба ғайр аз бинои асосӣҳамчунин дар атрофи он барои қабули мизоҷон шароит муҳайё карда шудааст.

Барои табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони бино ҳамагӣ 1 сол давом кард, ки барои бунёди он 40 нафар бинокорони маҳаллӣҷалб гардид.

Дар чойхонаи ҳозиразамон барои гузаронидани туй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон барои бунёди чунин як бинои зебо баҳои арзанда дода, ба масъулини раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз ин иншооти муосир сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi