17:50:02 02-уми Июни 2025 сол

Иди Истиқлоли давлатӣ ва Иди саиди Қурбон, муборак, ҳамватанони азиз!

Мо дар остонаи ду Иде қарор дорем, ки барои мардуми Тоҷикистон ва мусалмонони тамоми ҷаҳон хеле азизу муътабаранд. Иди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди саиди Қурбон. Барои мо тоҷикистониён фарорасии ин ду Ид дар як вақт албатта рамзеву ҳикмате бо худ дорад.

istiqlol 658952121

Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки 25 сол қабл Парвардигори олам барои мо мардуми Тоҷикистон онро арзонӣ дошта буд. Вале мутааассифона, ҳамон замон ношукрие, носипосие, қадрношиносие, кутаҳназарие, ҳамдигарнофаҳмие аз мо рух дод, ки ваҳдати миллӣ, субботу амнияти кишвар, рӯзгори осоиштаи мардум қурбонии ин гуна амалкардҳо шуданд. Муддате Ватани азизи мо ба гирдоби хунине кашида шуд, ки аз он вартаи нобудӣ ба ивази додани садҳо ҳазор ҷон қурбонӣ ва талафоти бузурги молӣ пеш аз ҳама бо лутфу карами Парвардигори азимушшаън ба соҳили амну амонӣ расидем. Шукронаи сулҳу суботи кишварро бояд ба ҷо биёрем.

Шукрона кардан ин танҳо бо забон шукр гуфтан нест. Шукронаи мо метавонад амале бошад, ки сулҳу суботро дар кишвар таҳким мебахшад, ваҳдати миллиро устувор мегардонад, мардуми парешонро сарҷамъ месозад, Ватани азизамонро обод мекунад. Шукронаро ҳам сағир бояд бигӯяду ҳам кабир. Бо додани қурбонӣ дар арафаи Иди саиди қурбон ҳам мешавад шукронаи Парвардигорро ба ҷо биёрем.

idi-qurbon 6522154

Вале чиро бояд қурбонӣ кунем? Биёед, пеш аз ҳама кинаву адоват, ҳирсу ҳасад, бухлу кудуратро, ки аз хислатҳои бадтарини инсонист ва дар қалбҳои ҳар яки мо буда метавонанд, ба нишонаи шукронаи Худованди бузург барои лутфу карамаш, файзу эҳсонаш, барои эҳдои ин рӯзгори орому осудаи Тоҷикистони азиз қурбонӣ кунем. Забҳи бадтарин хисоли инсонӣ дар ботини худ,дар рӯзи Иди Истиқлолият, Иди саиди Қурбон, иншоАллоҳ қурбониест, ки мақбули даргаҳи Парвардигори олам хоҳад буд.

Иди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди саиди Қурбон муборак, дӯстон ва ҳамватанони азиз!

Аз саҳифаи фейсбукии Султон Ҳамад

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854