03:46:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Оғози сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Нимаи дуюми имрӯз дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.

001 tjk-rfМеҳмони олимақом-Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Россия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.

Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Россия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Россия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии Сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi