14:42:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Анҷоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хосса ва дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор шуд.

005 tjk-rfДар суҳбати самимӣ сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои тадбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикри мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат дар таърихи 27-28 феврали соли 2017 ҷараён гирифт, бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид.

Дар доираи ин сафар дидору вохӯрии хоссаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва мулоқоту музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ баргузор шуда, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои алоқа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, сайёҳӣ ва тарбияи ҷисмонӣ такони тоза бахшида, ба тақвияти бештари ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россияро дар соли 2017 мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi