Ансамбли фолклории Помир эҳё шуд!
Дирӯз (22.10.2017) дар Театри давлатии опера ва балети ба номи устод Айнӣ нахустин консерти Ансамбли фолклории Помир таҳти раҳбарии овозхони маъруфи кишвар Соҳиба Давлатшоева баргузор гардид.
Муҷрии барнома Муҳаммадҷон Шодиев, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон ба ёди мухлисони сершумори дар толорбуда овард, ки замоне бо ҳамин унвон таҳти раҳбарии Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ коллективе эҷодие фаъолият мекард, ки на танҳо дар дохили Тоҷикистони азиз, балки берун аз он ҳам маъруфу машҳур буд. Консерти имрӯза, гуфт муҷрӣ, аз эҳё шудани ҳамин ансамбли овозадор таҳти раҳбарии Соҳибабону дарак медиҳад.
Дар ҳақиқат, барномаи консертӣ хеле ҷолибу шавқовар буд. Алоқамандони мусиқии ноб таронаҳои сурудаи овозхонҳои ширинадо Соҳиба Давлатшоева ва Ҳақназар Ҳаловатшоевро, ки зинда мехонданд, бо чапакзаниҳои пурмавҷ истиқбол мекарданду ҳаловат мебурданд. Мутрибони чирадасти ансамбл дар навохтани оҳангҳо низ ҳар кадом маҳорати баланд нишон медод. Махсусан, навозиши рубобро дар иҷрои Хушбахт Ниёзов ва сеторро дар иҷрои Мухтор Муборакқадамов мухлисон хеле гарм пазироӣ карданд.
Эҳёи як ансамбли овозадори кишварро барои ҳаводорони мусиқии миллии Ватани азизамон муборакбод мегӯем ва барои ҳунармандони ин гуруҳ комёбиҳои беназири эҷодиро орзумандем.
«Рӯзгор»