06:39:33 06-уми Июни 2025 сол

Намоиши навбатии операи Комде ва Мадан

Рӯзи 24.10.2017, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ намоиши навбатии операи Комде ва Мадан баргузор гардид. Либреттои операи мазкурро дар асоси яке аз қиссаҳои маснавии «Ирфон»-и Абӯлмаъонӣ Абдулқодири Бедил «Комде ва Мадан» шоири маъруфи кишвар Абдусалом Деҳотӣ навиштааст.

Komde-Madan-1-22222222

Оҳангсози машҳур шодравон Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ мусиқии онро таҳия намудааст. Нахустнамоиши опера 12 декабри соли 1960 дар Театри мазкур ба вуқуъ пайвастааст. Сюжети асар ишқи ду навҷавони ҳунарманд -ҳиндудухтари рақосса Комде ва овозхони хушадо, ҷавони мусалмон Маданро дар бар гирифтааст. Мадан, ки дар дил муҳаббати Комдеро мепарварад, хабар меёбад, ки маъшуқааш дар дарбори шоҳ аст. Бо зӯри ҳунараш ба дарбор роҳ меёбад ва дар базми шоҳ ширкат карда, соҳиби мукофоти ӯ низ мешавад.

Вале вақте, ки ҳунарнамоии Комдеро дар ин базм мебинад, ба ваҷд омада, ҳадяи шоҳро ба пеши пойи маҳбубааш мепартояд. Аз ин кори Мадан шоҳ ба хашм омада амр медиҳад, ки Маданро ба дор кашанд. Мардум аз ин ҳукми шоҳ ибрози норозигӣ мекунанд ва хоҳиш мекунанд, ки ошиқонро озод намоянд. Дӯсти Мадан сарлашкари шоҳ Мансур аз мардум ҳимоят мекунад ва дилдодаҳоро наҷот медиҳад. Комде ва Мадан ба муроди дил мерасанд.
Нақшҳоро дар операи Комде ва Мадан дирӯз солистони Театри опера ва балет Манучеҳр Раҳмонов (Мадан), Мария Мирзоева (Комде), Бахтовар Бадалов (Шоҳ), Нурафшон Нуруллоҳзода (Вазир), Сайфуллоҳ Юсуфов, Артисти Хидматнишондодаи Тоҷикистон (Мансур), Содиқ Нуруллоев (Пател) ва дигарон иҷро карданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854