06:35:33 06-уми Июни 2025 сол

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ анҷом дод

Дирӯз (27 ноябри соли 2017) Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори серӯзаи худ анҷом дод. Ба ин муносибат дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии он баргузор гардид.

namoishgohi-kitob-5858653525Дар он вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков ширкаткунандагон ва дастандаркорони Намоишгоҳро бо натиҷаҳои бадастоварда табрик гуфт. Сипас ба як қатор иштирокчиёни ин Намоишгоҳ, ки дар он фаъол буданд, мукофотҳои хотиравӣ супурда шуд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бори ҳафтум аст, ки ҳамасола дар пойтахти Тоҷикистони азиз баргузор мегардад ва дар он ба ҷуз ниҳодҳои тоҷикистоние, ки бо табъу нашри китоб ва фурӯшу таблиғи он сару кор доранд, бархе аз муассисаҳои ҳамтои хориҷии онҳо аз баъзе кишварҳои минтақа, азҷумла Федератсияи Русия, ИМА , Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ғайра ширкат менамоянд. Вижагии Намоишгоҳи имсола аз он иборат буд, ки дар он бори аввал намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат карданд ва дар ҳамин ҳол намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон имсол дар он ширкат надоштанд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854