06:33:23 06-уми Июни 2025 сол

Афғонистон ишқ ва дарди ӯ буд

Чанде пеш дар толори ба номи Шарифҷон Хусейнзодаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии Миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии устоди зиндаёд, мутахассис  ва олими варзида дар риштаи забону адабиёти пашту Савлатшоҳ Мерганов Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами фарҳангу адаби Афғонистон» баргузор гардид.

konfrons-1-55682222Пеш аз оғози кори конференсия Тоир Хоҷаев- муовини аввали ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оид ба тарбия  синфхонаеро дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, ки ба ифтихори  устод Савлатшоҳи Мерган номгузорӣ шудааст, бо ҳузури меҳмонон ва донишҷӯён ифтитоҳ намуд.

Сипас дар конференсияи илмӣ Умар Сафар-профессор, Мудири кафедраи филологияи Эрон, Саид Маъсум Бадахш- Мусташори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Рамазон Мирзоев- собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳабибуллоҳ Раҷабов-профессор, ҳиндушинос, Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, шоир, нависанда ва пажуҳишгари эронӣ доир ба рӯзгор ва осори устод Савлатшоҳи Мерган суханрониҳои пурмуҳтаво карданд.

Давлатманд Холов,  Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, ки марҳум Савлатшоҳи Мерганро, яке аз мушовирони худ дар масоили интихоби шеъру ғазал  барои эҷоди  тарона  номид,  бо сурудҳои нобаш дар ин маҳфил табъи ҳозиринро болида сохт.

Дар хотима ба ширкаткунандагони конференсия  филми мус танад таҳти унвони «Афғонистон ишқ ва дарди ман аст…», ки онро  рӯзноманигор Лола Мерганова оиди ҳаёт ва эҷодиёти устод Савлатшоҳи Мерган таҳия намудааст, намоиш дода шуд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз кори ин Конференсияи илмӣ чанд лаҳзаеро,  аксбардорӣ намудааст, ки пешкаши шумо муштариёни гиромӣ менамояд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854