23:56:12 06-уми Июни 2025 сол

СӮХТОР ДАР БИНОИ МАРКАЗИ СТРАТЕГӢ

Субҳи имрӯз дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мутааллиқ ба раёсатҷумҳурӣ сӯхтор сар зад.

 

Сӯхтор дар ошёнаи дуввуми ин бино рух додааст, ки дар он ҷо дафтарҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мавсум ба "Иттилоот ва муошират" ва як бахши Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҷойгир аст. Феълан, аз ин ошёна дуди ғализ баромада истодааст ва кормнадони идораи оташнишонии Тоҷикистон бо истифода аз 7 мошин ва васоили дигари оташнишонӣ машғули рафъи ин ҳодиса мебошанд.

 

Масъулони Маркази стратегии Тоҷикистон ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, сӯхтор тақрибан соати ҳашти субҳ ба иллати бархӯрди ноқилҳои барқ сар задааст. Ҳеҷ касе осеб надидааст ва ҳаҷми зарари молӣ дертар мушаххас хоҳад шуд.

 

Атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон феълан аз сӯи пулис иҳота шуда, ва тамоми кормандони ин бино берун карда шудаанд. Қарор буд, соати 9-и субҳи имрӯз дар ошёнаи панҷуми ин бино конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯъи "Ислом ва демократия" баргузор шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1289-sukhtor-dar-binoi-markazi-strategi.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854