08:35:28 29-уми Апрели 2025 сол

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

13 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

1 marosimi istiqbol 45548787Мошини Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро савораҳо бо аспҳои ба таври хоси миллӣ ороёфта ҳамроҳӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.

President.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ