Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Москав мулоқот хоҳанд кард
Владимир Путин рӯзи 17 март дар Москав бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ вориди Русия мешавад, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона баррасӣ мешавад. Ҳамчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ дар назар аст.
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони Маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд ва Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе тариқи видеоконфронс ширкат мекунанд.
Дар поёни сафар як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо хоҳанд расид.