08:58:01 29-уми Апрели 2025 сол

Оғози сохтмони ду иншоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ

17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

5 oghozi du sokhtmon 5411544554Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.

Бо розигии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.

Сарони ду давлат ва дигар ҳозирин маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳими соҳаҳои фарҳанг ва маорифро дар мониторҳои калон дар Қасри Кремл мушоҳида намуданд.

Қобили зикр аст, ки оғози сохтмони ин ду иншоот боз як нишонаи тавсеаи бомароми робитаҳои гуманитариву фарҳангии Тоҷикистону Русия мебошад.

President.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ