03:27:56 04-уми Июни 2025 сол

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд

7апрели соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд (БАОР) дар Тоҷикистон Якунин Владимир Николаевич баргузор гардид.

3 vokhurii vaziri iqtisod va savdo 458745Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо имрӯз бо тамоми ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла БАОР дар самти ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ тақвият ёфта истодааст.

Инчунин Завқизода З. А. муҳиммияти тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои мавҷудаи БАОР-ро таъкид намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо даъват ба амал овард.

Ҷаноби Якунин дар навбати худ барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки БАОР татбиқи ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои вазоратро дар самти маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок дастгирӣ мекунад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.

www.medt.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854