Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
10 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масоили кунунии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, дар мавриди ҷонноксозӣ ва таҳкими равобити дарозмуддат дар соҳаҳои гуногун табодули афкор намуданд.