01:16:40 03-уми Июни 2025 сол

Вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ – Русия

11 апрели соли 2025 дар шаҳри Алмато вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок кард.

3 vokhurii vazir russia 45452154Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи татбиқи тавофуқоти ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамоиши аввали сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ки моҳи октябри соли 2022 баргузор шуда буд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи қолаби ҳамкории «ОМ – Русия» аҳамияти вежа дода, онро ҳамчун як арсаи қобили дурнамо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ мекунад.

Ҳамчунин, дар суханронӣ мавқеи Тоҷикистон нисбат ба масъалаи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи қарорҳои роҳбарони кишварҳои қолаби мазкур баён гардид.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854