Мулоқоти муовини якуми вазир бо ҳайати намояндагони Конгресси ИМА
14 апрели соли 2025 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ҳайати намояндагони Конгресси ИМА баргузор гашт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва ИМА, инчунин дигар масоили марбут ба фаъолияти ниҳодҳои СММ дар кишварро баррасӣ намуданд.