01:04:29 03-уми Июни 2025 сол

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетики Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов мулоқоти маҷозӣ баргузор намуд.

5 tj uzb 5454659854Зимни суҳбат ҳамтоён масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла доир ба Лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягони энергетикии Осиёи Марказӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, минҷумла, омодагӣ ба ҷаласаи навбатӣ, ки баргузории он рӯзҳои наздик дар назар аст, табодули афкор сурат гирифт.

Изҳори итминон гардид, ки муносибатҳо дар доираи тавофуқоти дар Комиссияи байниҳукуматӣ ба даст омада, боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854