10:43:02 02-уми Июли 2025 сол

Вазири корҳои хориҷӣ cафири Русияро ба ҳузур пазируфт

17 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григоревро ба ҳузур пазируфт.

1 muloqot-bo safir 45124588Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии 17 марти соли 2025 баргузоршуда, мавриди баррасӣ дода шуд.

Ҳамчунин роҷеъ ба дигар мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Русия табодули афкор сурат гирифт.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ