13:44:03 20-уми Июни 2025 сол

Нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин»

25-26 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» иштирок кард.

2 nishasti vaziron 65214545Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ мавқеи кишварро роҷеъ ба таҳкими баъдии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи қолаби мазкур ва омодагӣ ба баргузории Саммити сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Чин” ироа намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Изҳороти иттилоотӣ аз натоиҷи нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» қабул гардид.

www.mfa.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ