15:03:30 20-уми Июни 2025 сол

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

25 апрел муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷей Банга мулоқот намуд.

1 muovini yakumi sarvazir 454245578Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва дастгирии равандҳои ислоҳоти иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории стратегӣ бо Бонки ҷаҳонӣ аҳамияти махсус дода, ҷонибдори таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ