15:05:57 20-уми Июни 2025 сол

Имзои Протоколи муҳим миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика

Дар ҳошияи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Федератсияи Русия Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба баҳрабардории НБО «Сангтӯда-1» аз 30 июли соли 2009 ба имзо расонидана шуд.

5 imzoi protokol 54548754Протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв ба имзо расониданд.

Дар доираи санади мазкур як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» танзим мегарданд.

Зимни маросими баимзорасонии Протокол таъкид гардид, ки санади мазкур дар самти таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетика заминаи боз ҳам мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Бояд гуфт, ки НБО «Сангтӯда-1» бо иқтидори лоиҳавии 670 МВт дорои 4 гидроагрегат (ҳар кадоме бо иқтидори 167,5 МВт) яке аз неругоҳҳои барқи обии бузурги амалкунанда буда, тақрибан 12%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро дар кишвар таъмин мекунад.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ