Мулоқот бо Cафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА-ро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши муносибатҳои шарикӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳа изҳор доштанд.
mewr.tj
















