01:43:14 08-уми Июни 2026 сол

Мулоқот бо Cафири фавқулода ва мухтори Ҷопон

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.

4 safiri jopon 6565454588Зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, миёни ҷонибҳо вобаста ба тақвияти муносибатҳо дар доираи ташкилотҳои байналмилаӣ, аз ҷумла Паймони неру табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гашт, ки баргузории Конфронси Паймони неру дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ