08:55:05 23-уми Январи 2026 сол

Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид

10 ноябр вохӯрии Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Бахтиёр Аҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба байни вакилони ду ҷонибро баррасӣ намуданд.

4 tajikistan pakistan 6589875878Гуфта шуд, ки муносиботи стратегӣ байни ду давлати дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд. Табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи ҷонибҳо буда, метавонад барои расидан ба ҳадафҳои стратегии тарафҳо, бахусус пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат намояд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор аст. Он ҳамзамон муколамаю мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ монда, барои ноил гардидан ба пешравиҳо талоши муштарак ба харҷ медиҳад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ