Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
18 март дар шаҳри Ню Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот намуд.
Тавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун платформаи универсалӣ барои амалҳои дастҷамъона таъкид намуда, аҳамияти тақвияти ҳамкории бисёрҷониба, пешгирии низоъҳо ва ҳамоҳангсозии башардӯстонаро дар чаҳорчӯби Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид иброз дошт. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир зоҳир гардид. Дар ин робита, ҷонибҳо Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории онро ҳамчун платформаи муфид барои ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 ва суръат бахшидан ба пешрафт тавассути тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва маблағгузории рушд тамаркуз карданд. Сироҷиддин Муҳриддин таҷрибаи тӯлонӣ ва иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар мудирияти захираҳои обии ҷаҳонӣ, бахусус дар доираи Раванди оби Душанбе иброз кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва ҳамкорӣ дар доираи механизмҳо ва барномаҳои мавҷудаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ислоҳоти СММ-80 ва рушди устувор бо ҳадафи таъмини сулҳ, амният ва шукуфоӣ барои мардуми минтақа ва тамоми ҷаҳон изҳор намуданд.
АМИТ «Ховар»
















