13:53:59 02-уми Июни 2025 сол

ҶОСУСИ ӮЗБАКИСТОН 20 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон дар мавриди Бобомурод Аноровро, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд, таъйид кардааст. Дар авохири моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бобомурод Аноровро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ва убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ ба муддати 20 сол равонаи зиндон карда буд.

 

Музаффар Мирамиршоев, мушовири додгоҳи вилояти Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Аноров дар моҳи июли соли гузашта дар рустои Гулистони ноҳияи Данғара аз сӯйи кормандони амниятии Тоҷикистон дастгир шуд ва ба ҳангоми боздошт аз ӯ “иттилоъоти сиррӣ” дар бораи системи посбонии нерӯгоҳҳои обии Бойғозӣ ва Сангтӯда-1 кашф ва мусодира шудааст. Оқои Мирамиршоев дар истинод ба иттилоъоти марбут ба бозрасии ин қазия гуфт, ки ин фарди муттаҳам сафарҳояш ба шаҳри Ҷарқӯрғон, дар ҷануби Ӯзбакистон, ва мулоқоташ бо кормандони ниҳодҳои амниятӣ ё ҷосусии Ӯзбакистонро эътироф кардааст.

 

Бино ба иттилоъи манобеъи додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Бобомурод Анорови 45-сола зодаи ноҳияи Қубодиёни ин вилоят буда ва дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон паноҳ бурда ва танҳо соли 2005 ба ватан бозгаштааст.

 

Дар моҳи октябри соли гузашта, додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, дар қазияе мушобеҳ Александр Ботов, сармуҳандис ва Александр Бабошин, раиси бахши сохтмони корхонаи “Востокредмет”-ро ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабию расондани авоқиби сангин” ба муддати 22 сол ва Виссарион Тен, як шаҳрванди Ӯзбакистонро ба ҷурми “ҷосусӣ ба манфиъати давлати хориҷӣ” ба муддати 20 сол равонаи зиндон карда буд.

 

Дар зарфи чаҳор соли ахир, ҳудуди даҳ тан аз сокинони Тоҷикистон ва атбоъи хориҷӣ дар додгоҳҳои ин кишвар ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Ӯзбакистон ва Қирғизистон боздошт ва маҳкум шудаанд. Аз сӯйи дигар, додгоҳҳои Ӯзбакистон низ дар ин муддат ҳашт тан аз атбоъи тоҷикро ба ҷурми “ҷосусӣ ба манфиъати Тоҷикистон” маҳкум ба зиндон кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1509-josusi-uzbakiston-20-sol-zindoni-shud.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854