22:17:57 02-уми Июни 2025 сол

НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ПОЙТАХТ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАД

 

 Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Гипрогор»-и шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо назардошти хулосаи протоколии комиссияи тендерӣ ғолиби тендери кушод оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гардид.

Тендери мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмон дода шуда, дар он шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ иштирок доштанд. Дар робита ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Маскав корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо тибқи талаботи тендерӣ ба анҷом мерасонад. 

Дар асоси қарордоди ба имзорасанда маблағи иҷрои корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 415 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр пардохт карда мешавад.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854