МАҲКУМИЯТИ СОКИНИ СУҒД БА 26 СОЛ ЗИНДОН
Додгоҳи устони Суғд Зарафшон Бойматов, як сокини 23 солаи ноҳияи Айниро барои иртикоби қатл ва ва роҳзанӣ барои 26 сол равонаи зиндон кардааст. Таъйид ё такзиби ин хабар дар додгоҳи устони Суғд ба мо муяссар нагардид. Вале хабаргузории «Азия плюс» бо такя ба манобеъи додгоҳи ин устон хабар додааст, ки маҳкумшуда шоми 19 январи соли гузашта бо қасди тасарруфи маблағ ба истгоҳи фурӯши маводди сухт - бензин ҳамла кардааст.
Ӯ ба истгоҳи фурӯши маводди сӯхт ворид шудааст ва он ҷо ба сари ҳамрустои худ Зуҳуриддин Ҳасанов, ки дар онҷо кор мекардааст чанд маротиба задааст. Оқои Зуҳуриддинов дар маҳалли ҳодиса ҷон додааст. Оқои Бойматов сипас ба як ҳуҷра ворид шудааст ва аз сейф ва ё макони нигаҳдории пул маблағи 2 ҳазору 500 сомониро ба яғмо бурдааст ва аз ҷои ҳодиса фарор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз кабл, Бобоxон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар соли гузашта дар кишвар мизони иртикоби ҷароим дар маҷмуъ 6,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Додситони кул, гуфтааст ки афзоиши мавориди қатл 11 дарсад ва мавориди иртикоби ҷароим бо истифода аз силоҳ 12,5 дарсад будааст.
Гузашта аз ин, додситони кул, гуфтааст дар соли гузашта мавориди иртикоби ҷароими марбут ба қочоқи маводди мухаддир 15,5 дарсад, роҳзанӣ 14,3 дарсад ва иртикоби ҷароим аз сӯйи гуруҳҳои ҷиноятпеша 9,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки мизони болои бекорӣ ва адами иштиғол аз ҷумлаи мушкилоте дониста мешавад, ки ба субот ва амнияти он таҳдид мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/1618--26-.html