23:30:28 02-уми Июни 2025 сол

БА ПЕШВОЗИ ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

 Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, 22 июн дар Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоишгоҳи калони китоб кушода мешавад. 

Дар он дар мавзӯъҳои вахдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарони аҷнабӣ, қаҳрамонони халқи тоҷик, муттаҳид сохтани тоҷикон, созишномаи оштии миллӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон теъдоди хеле зиёди китобу маҷаллаҳо, аксҳо ва ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Директори китобхона Қурбон Афғонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамчунин, бахшида ба ин рӯз, 26 июн кормандони китобхона дар мавзӯи «Санади сулҳ ва ваҳдати миллӣ» бо адибон ва хонандагони худ мулоқот хоҳанд гузаронд. Ғайр аз ин кормандони китобхона тасмим гирифтаанд, ки ба истироҳатгоҳҳои тобистона рафта, бо бачагон дар ин мавзӯъҳо сӯҳбат ороянд.

Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854