23:35:36 02-уми Июни 2025 сол

МУДИРИ МОЛИЯ ЗИНДОНӢ МЕГАРДАД

 

Бино ба иттилои корманди Агентии назорати давлатии молиявии вилояти Хатлон полковники адлия Акбарҷон Ҳасанов, соли ҷорӣ кормандони Агентии ин вилоят нисбати азхудкунии амволи ғайр нисбати собиқ сардори шӯъбаи молияи шаҳри Қӯрғонтеппа Уктам Юлдошев парвандаи ҷиноӣ кушоданд. 

Уктам Юлдошев ҳангоми солҳои 2007 -2008 сардори шӯъбаи молия буданаш, бо истифода аз ваколати мансабӣ, бо тартиб додани бовариномаи қалбакӣ бо номи шаҳрвандон Комил Ортиқов ва Мурод Мирхоҷаев аз бахши Амонатбонки шахри Қӯрғонтеппа маблағи 570 ҳазору 393 сомониро дар асоси чекҳои пулӣ гирифта, аз он 550 ҳазор сомониро ба хазина даромад накардааст. 

Кормандони Агентӣ тафтиши парвандаи ҷиноиро дар асоси санадҳои мӯътамад ба охир расониданд. Парванда барои моҳиятан дида баромадан бо моддаи 345 қ 4 ба суд фиристода мешавад. 

Бояд тазаккур дод, ки соли 2008 кормандони Агентии вилоят 4 парвандаи ҷиноиро нисбати азхудкунии амволи ғайр ба суд дода буданд. 

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854