23:51:15 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АМАЛИЁТИ «КӮКНОР -2009» ДАР ПОЙТАХТ

 

 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт қарор имзо намуд. 

Тибқи он дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт аз 1 июн то 30 ноябри соли ҷорӣ амалиёти «Кӯкнор - 2009» гузаронида мешавад. Ҳамчунин, раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шуданд, ки ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис дода, чораҳои дахлдорро оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ андешанд. 

Дар робита Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки нақшаи кори ситодро таҳияву тасдиқ ва нусхаҳои онро ба Раиси шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд. 

Инчунин, ин сохторҳо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт ба ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсоне, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигох доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, ба шаҳр ворид кардани онҳо машғуланд, диққати махсус диҳанд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi