ДАРГУЗАШТИ УСТОД МУҲАММАДШАРИФИ ҲИММАТЗОДА
Бинобар иттилои хешу ақрабои наздики устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода раҳбари маънавии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, собиқ вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, собиқ раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ, яке аз муассисон ва аз нахустин роҳбарони ҲНИТ соати 3-ву 30 дақиқаи субҳи 17-уми марти соли 2010 бар асари бемории тӯлонӣ доии аҷалро лаббайк гуфт ва ба ҷавори Ҳақ пайваст.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
Ҷанозаи марҳум дар назар аст имрӯз, 17-уми март соати 15 ба вақти Душанбе дар масҷиди Имом Бухорӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи Донишкадаи андози кишвар баргузор гардад.
«Рӯзгор»