«ҶЕН ЭЙР» БА ТОҶИКӢ ТАРҶУМА ШУД
Имрӯз дар толори маҷлисҳои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» ва Сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон муаррифии китоби нависандаи машҳури Англия Шарлотта Бронте «Ҷен Эйр» баргузор гардид. Шарлотта Бронте (1816-1855) дар романи иҷтимоӣ - психологии «Ҷен Эйр» оид ба сарнавишти духтаре аз ятимхона ҳикоя мекунад. Бронте беҳуқуқии занонро дар шароити Инглистони викториявӣ тасвир менамояд.
Китобро бо кӯмаки молии Сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» тарҷума ва ба теъдоди дуву ним ҳазор нусха бо сифати баланд дар Туркия ба нашр расонда, ройгон дастраси оммаи васеи хонандагон ва китобхонаҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон кард. Тарҷумаи китоб аз забони русӣ ба тоҷикӣ ба қалами нависанда ва шоири хушбаёни кишвар Салими Зарафшонфар тааллуқ дорад. Ҳини муаррифи китоб Меҳмон Бахтӣ-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тревор Мур Сафири Бритонии Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон суханронӣ карда аз боби таърихи муносибатҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистону Англия ҳарф заданд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2279-l-r-.html