ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ГИРОМИДОШТИ «ШАШМАҚОМ»
Дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин ҷониб ҳамасола 12-уми моҳи май рӯзи гиромидошти мусиқии ноби ниёгон «Шашмақом» таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ин рӯз маъмулан дар ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ нишастҳо ва консертҳое баргузор мегарданд, ки дар онҳо сухан аз боби рушду инкишофи ин мусиқии классикии миллатамон меравад ва дастовардҳои ҳунарварон дар ин соҳа ба намоиш гузошта мешавад.
Имсол низ дар ин рӯз дар Кохи фарҳангиву ҳунарии ба номи Ҷомии пойтахт консерти Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти унвони «Самоъи Зӯҳра» баргузор гардид. Алоқамандони зиёде, ки ба дидани ин консерт омада буданд, ҳунарнамоии овозхонҳои шинохтаи кишвар Сабоҳат Наҷмиддинова, Саодат Умарова, Лӯҳира Мӯминова, Шоҳида Ҳошимова, Мавзуна Муҳаммадаминова, Шамсиддини Муҳиддин, Фурқат Саидов, Хусрави Шамсиддин, Тоҷиддин Раҳимов, Дилшод Гулов, Абдувалӣ Ҷалолов, Субҳониддин Бурҳонов, Ҷамшед Эргашев, Ҷумъабой Қӯзиев, Шавкат Оқилов ва дигаронро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ватани «Шашмақом» Бухоро ҳаст. Яке аз сарчашмаҳои ин мусиқии асили ниёгон таронаҳои мардумии Бухоро мебошанд. Дар ин консерт дар иҷрои гурӯҳи ҳофизони ансамбл суруде бо номи «Таронаҳои мардумии Бухоро» садо дод, ки хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» онро рӯйи навор сабт намуд ва ҳамакнун пешкаши Шумо муштариёни гиромӣ мегардонем.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2291--lr.html