ҶОНИБЕК БА ТАСХИРИ ДУБОРАИ АМРИКО РАФТ
Соли равон ғолиби ҷоизаи амрикоии «Big Apple Music Award», сарояндаи ҷавон Ҷонибек Муродов муддати зиёдест бо сафарҳои ҳунарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо қарор дорад. Сафари навбатӣ рӯзи 17-уми май оғоз гардида, аллакай дар шаҳри Ню-Йорк, пешорӯи толори пур аз тамошобин консерти ин сарояндаи тоҷикистонӣ доир гардид.
Сафари ҳунарии Ҷонибек Муродов таҳти унвони «SuperStar Tour 2010» дар ҳамроҳӣ бо ситораҳои писандидаи эстрадаи Осиё то 12-уми июн идома ёфта, баргузории консертҳои сароянда дар Вирҷиния, Лонг-Айленд, Аранҷ Каунти, Фремонте, Ванкувер ва Торонто дар назар аст. Қобили зикр аст, ки Ҷонибек Муродов чанде қабл дар ҳамроҳӣ бо сарояндаи маъруф Мадина як клипи мусиқиро бо номи «Сурудҳо барои дӯстдошта» таҳия сохт.
Ба гуфтаи менеҷери сароянда Беҳрӯз Зеваров, «маҳз ҳамин клип суруди беҳтарини соли 2010 дар Аврупову Осиё хоҳад шуд, зеро феълан бо шарикон дар ин қитъаҳо қарордодҳои зиёди дарозмуддат ба имзо мерасанд».
Зикр гардид, ки дар баробари банаворгирии клипи мазкур, ҳамчунин таҳияи клипҳо ба сурудҳои дигари писандидаи сароянда идома дорад.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2340-2010-05-22-13-59-26.html