00:48:00 03-уми Июни 2025 сол

УЗБАКИСТОН МАРЗИ ХУД БО ТОҶИКИСТОНРО БАСТ

Зафар Раҳимҷонов, консули Узбакистон дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, бинобар хуруҷи вируси фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, Узбакистон барои ҷилагирӣ аз эҳтимоли сирояти ин вирус марзҳояш бо Тоҷикистонро масдуд кардааст. Ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар убуру мурури гузаргоҳҳо шароити махсус ҷорӣ карда шудааст. Барои ходимони дипломатӣ ва афроде, ки ба маросими таъзия мераванд ва ё бемор ҳастанд, иҷзоаи гузар дода хоҳад шуд.

 

Ҳамчунин шаҳрвандони кишвари сеюм низ метавовнанд озодона марзи Тоҷикистон бо Узбакистонро убур ва ҳаракат кунанд.

 

Сарнавишти вагонҳо чӢ шуд?

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз таъирихи 22 май мақомоти Узбакистон ҳаракати вагонҳои ҳомили бори мухталиф ба қаламрави Тоҷикистонро қатъ кард. Дар ҳоли ҳозир, дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон ҳудуди 900 вагоне, ки мебоист вриди вилоти Хатлон мешуданд, мутаваққиф шудааст. Ҳамчунин 1200 вагоне, ки ба самти потахти Тоҷикистон ҳаракат мекард низ боздошта шудаанд.

 

Таи ин чанд рӯзи ахир ҷамъан беш аз 2000 ҳазор вагоне, ки аз маводи хурданӣ ва анвои сӯхт иборатанд дар қаламрави Узбакистон банд мондаанд. Қаторҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон аз аввали соли равон то кунун дар қаламрави Узбакистон ба мушкили убуру мурур рӯбарӯ мебошанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2349-2010-05-24-08-48-02.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854