ДАРГУЗАШТИ РАИСИ СОБИҚИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ЗИНДОН
Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд ва аз шахсиятҳои дар гузашта бонуфузи арсаи сиёсии Тоҷикистон, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе даргузаштааст. Ҳарчанд манобеъи расмӣ аз ироаи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, вале пайвандони оқои Ҳомидов фавти ӯро таъйид карданд. Қарор аст маросими ҷанозаи Абдуҷалил Ҳомидов рӯзи чаҳоршанбеи 26 май дар зодгоҳаш дар рустои Исписори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шавад.
Абдухалил Ҳомидов, бародари Абдуҷалил Ҳомидов, рӯзи сешанбеи 25 май дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ хабари фавти бародари худро таъйид кард ва гуфт, ки чанде аз хешовандонаш феълан барои интиқоли ҷасади вай дар шаҳри Душанбе қарор доранд. Вай дар мавриди сабабҳои фавти бародараш изҳори беиттилоъӣ кард, вале гуфт, ки дар чанд соли ахир Абдуҷалил Ҳомидов аз вазъи саломатии хубе бархурдор буд.
Абдуҷалил Ҳомидов бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2002 ба иттиҳоми иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла хиёнат ба ватан, барои 16 сол равонаи зиндон шуда буд. Зимнан, оқои Ҳомидов соли 1945 дар деҳаи Исписори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми донишгоҳи кишоварзӣ, вай дар симатҳои мухталифе ифои вазифа кардааст.
Дар соли 1992 раиси вилояти Суғд таъйин шуд. Вале дар поёни соли 1993 дар пайи мухолифат бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон аз ин симат барканор шуд. Дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 вай дубора ба ин симат интисоб шуд. Дар он замон Абдуҷалил Ҳомидов қудои Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқ ва аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 танҳо рақиби оқои Раҳмон буд. Президент Раҳмон соли 1996 оқои Ҳомидовро аз ин симат барканор кард ва пас аз ин ӯ дар Ӯзбакистон ба сар мебурд. Давлати Тоҷикистон иддаъо дошт, ки оқои Ҳомидов дар соли 1996 аз ҳамлаи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев пуштибонӣ кардааст.
Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон оқои Ҳомидовро ба даст доштан дар сӯиқасд ба Президент Раҳмон дар соли 1996 муттаҳам карда буданд. Дар моҳи июни соли 2001 Абдуҷалил Ҳомидов барои ширкат дар маросими ҷанозаи хоҳараш ба шаҳри Хуҷанд омад ва аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шуд. Мурофиъаи вай паси дарҳои баста сурат гирифт. Додгоҳ ӯро барои 16 сол равонаи зиндон кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон оқои Ҳомидовро дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ, аз ҷумла тахриби як пули иртиботӣ дар рӯдхонаи Зарафшон, ки манотиқи шимол ва марказии Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, муҷрим дониста буд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, ки дар оғози фаъолияти худ дар симатҳои давлатӣ Абдуҷалил Ҳомидов аз раҳбарони феълии Тоҷикистон пуштибонӣ мекард ва аз мубтакирони аслии баргузории иҷлоси 16-уми порлумон дар кохи Арбоб, дар ҳаволии шаҳри Хуҷанд, дар соли 1992 буд. Вале дертар миёни оқои Ҳомидов ва нухбагони сиёсии вақти Тоҷикистон, ки умдатан зодаи ҷануби кишвар буданд, ихтилофоте буруз кард, ки дар ниҳоят ба шикасти раиси вақти вилояти Суғд анҷомид. Ба ин далел, ба эътиқоди оқои Сайфуллозода, Абдуҷалил Ҳомидов дар он марҳила бо раҳбари феълии давлати Тоҷикистон ба мухолифат пардохтааст.
Аммо Мӯсо Асозода, сиёсатшиноси мустақил, бар ин назар аст, ки оқои Ҳомидов аз сиёсат хеле дур буд ва аъмоли ӯро бояд танҳо аз лиҳози ҷурму ҷиноят ба баррасӣ гирифт. Оқои Асозода мӯътақид аст, ки раиси пешини вилояти Суғд муртакиби ҷароиме шуда ва додгоҳ ӯро мунсифона муҷозот кардааст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон аз набуди маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар гузориш медиҳанд, вале коршиносон Абдуҷалил Ҳомидов ва бархе аз сиёсатмадорони дигареро, ки дар зиндон ба сар мебаранд, маҳбусони сиёсӣ меноманд.
Дар моҳи январи соли 2008 Шамсиддин Шамсидинов, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар зиндони ноҳияи Ваҳдат фавт кард. Соли гузашта аз даргузашти Рустам Файзиев, як фаъоли ҳизби сабтиномнашудаи "Таррақиёт" дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе низ гузориш шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2357-2010-05-25-12-07-44.html